Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

3.jpg

Машварати њуќуќї ба Мадина сокини н. Вахш

Ассалому алайкум. Ман аз сомонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бохабар њастам. Мехостам аз шумоён маслињат гирам: Ман бо шавњарам се сол зиндагонї намуда, соњиби ду фарзанд гардидам. Бинобар сабаби рашки зиёди шавњарам мо тариќї динї људо шудем. Њоло мехоњам аќди никоњамонро расман бекор намоям. Аз Шумо эњтиромона хоњиш менамоям, ки оид ба алимент бо ман маълумот дињед.                                                     

   Дар њама давру замон инсоният кудакро њамчун идомадињандаи насли худ њисобида, барои рушду нумўъ, солимии љисмониву рўњї ва таъмини моддиву аќлонии ў чорањо меандешад. Яке аз воситањои бењтарини таълим ва тарбияи кудак ин дар муњити оилаи солим ба воя расидани ў мебошад. Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон падару модарро вазифадор намудааст, ки онњо барои таъмини фарзандони ноболиѓи худ масъуланд. Мутаассифона дар њаёт њолатњое ба назар мерасанд, оилањо вайрон мегарданд ва кўдакон ниёз ба таъминот мешаванд. Дар сурати мављуд будани кудакони ноболиѓи муштарак никоњи зану шавњар тариќи судї бекор карда мешавад. Яке аз масъалањое, ки суд мавриди бекор кардани никоњ уњдадор аст, ки њал намояд, ин масъалаи бо кадоме аз падару модар зиндагонї намудани фарзандони ноболиѓ ва барои таъминоти онњо кадоме аз падару модар ва ба кадом андоза пардохт намудани алимент мебошад.

    Тањлили амалияи судии Тољикистон нишон медињад, ки асосан њуќуќи кўдак ба алимент дар ваќти бекор кардани аќди никоњи падару модари ў аз љониби суд амалї мегардад.

  Фаромўш набояд кард, ки њар як кўдак то расидан ба синни 18 солагї њуќуќ ба гирифтани алиментро дорад.

    Лозим ба ёдоварист, ки на танњо кўдакон, балки барои фарзандони ба балоѓат расида низ алимент ситонида мешавад. Чунин њолатро танњо суд метавонад барои фарзандони ба балоѓат расида, ки донишљўёни тањсили рўзонаи муассисањои таълимии давлатии тањсилоти миёна ва олии касбї мебошанд, мутаносибан то ба синни 20 солагї ва 24 солагї расиданашон аз падару модар алимент муќаррар намояд.

Созишномаи пардохти алимент

  Мутобиќи талаботи муќаррарнамудаи ќисми 1 моддаи 80 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиѓи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклњои таъминоти фарзандонро падару модар мустаќилона муайян менамоянд. Аз мазмуни меъёри мазкур бармеояд, ки агар никоњи њамсарон бекор шуда бошад ва дар натиља онњо аз њам људо зиндагонї намоянд ва ё њарчанд дар никоњ бошанд, вале бо сабабе бо њам якљоя зиндагонї наменамоянд ва фарзандони ноболиѓи муштараки онњо дар таъминоти моддии танњо яке аз онњо ќарор дошта бошад, падару модари кўдаки ноболиѓ метавонанд оид ба таъминоти моддии фарзандони ноболиѓи худ ба мувофиќа оянд ва созишномаи пардохти алимент банданд.

  Созишномаи пардохти алимент андоза, усул, шарт ва тартиби пардохти алиментро муќаррар месозад ва байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад баста мешавад.

  Дар хотир бояд дошт, ки созишномаи пардохти алимент танњо дар шакли хаттї баста шуда, он аз тарафи идораи нотариалии давлатї бояд тасдиќ гардад.

   Њуќуќи кўдак ба рўёнидани алимент

  Агар байни падару модари кўдак созишномаи пардохти алимент барои кўдакони ноболиѓ баста нашуда бошад ва ё яке аз онњо ва ё њардуи онњо дар таъминоти моддии фарзандашон иштирок накунанд, њамсаре (модар ва ё падар), ки дар таъминоташ фарзанди ноболиѓ дорад метавонад ба суд бо ариза оид ба рўёнидани алимент мурољиат намояд.

  Фаромўш набояд сохт! Новобаста аз доштан ва ё надоштани маълумот дар хусуси мањалли зисти љавобгар суди шањр ва ё ноњия њуќуќи рад карданро аз ќабули аризаи даъвогї дар хусуси рўёнидани алимент надорад.

  Дар хотир доред! Модар ва ё падаре, ки дар таъминоташ фарзанди ноболиѓ дорад метавонад аризаи даъвогиро дар бораи рўёнидани алимент ба суди мањалли зисти шахси алиментсупоранда (љавобгар) ва ё ба суди мањалли зисти худ (даъвогар) пешнињод намояд.

   Ба таваљљуњи модар ва ё падаре, ки дар таъминоташ фарзанди ноболиѓ дорад ва ў аризаи даъвогиро дар бораи рўёнидани алимент ба суди шањр ва ё ноњияи дахлдор пешнињод намудааст: Шуморо лозим аст, ки ба аризаи даъвогии пешнињодкардаатон њуљљатњои зеринро бояд замима намоед:

  • Нусхаи шиносномаи худ (даъвогар)
  • Нусхаи шањодатномаи аќди никоњ ва ё шањодатнома дар бораи ќатъи никоњ (агар даъвогар онро дошта бошад);
  • Нусхаи шањодатномаи таваллуди кўдак (кўдакон);
  • Маълумотнома дар хусуси он ки кўдак дар таъминоти моддии даъвогар ќарор дорад;
  • Маълумотнома аз љойи зисти худ (даъвогар);
  • Маълумотнома аз љои кори љавобгар оид ба андозаи музди мењнат (агар љавобгар кори доимї дошта бошад);
  • Дигар њуљљатњое, ки доштан ва ё надоштани дигар намудњои даромадро тасдиќ менамоянд.

   Дар ёд дошта бошед! Агар ба Шумо њамчун даъвогар дастрас ва пешнињод намудани њуљљатњои дар боло ишорашуда душвор ва ё ѓайриимкон бошад, бо дастрасии талаботњои ќонунгузории мурофиавии граждании ЉТ (моддаи 60) метавонед аз суд талаб карда гирифтани њуљљатњои лозимаро аз муассисањои дахлдор хоњиш намоед. Дар ин сурат суд уњдадор аст, барои анљом додани дархости аризадињанда чора андешї намояд.

 

   Муњимтарин масъала он аст, ки кўдак барои талаби алимент новобаста аз он, ки никоњи падару модари ў дар маќомоти давлатии сабти асноди њолати шањрвандї (САЊШ) ба ќайд гирифта шудааст ва ё тариќи динї баста шудааст, њуќуќ дорад.

  Намояндаи ќонунии ќўдаконе, ки падару модари онњо никоњи расмї надоштанд, дар баробари пешнињод намудани ариза дар хусуси рўёнидани алимент, њамзамон бояд ариза оид ба муќаррар намудани факти падарии кўдакро низ пешнињод намоянд. Дар чунин њолат даъвогарро лозим меояд, ки њангоми муќаррар намудани факти падарї дар љаласаи судї далелњои зарурии исботкунандаи зиндагї ва пешбурди хољагии якљояи падару модари кўдак, тарбияи муштараки кўдак ва таъмини ў, инчунин дигар далелњои боэътимоде, ки мањз аз њамин падар таваллуд шудани кўдакро исбот месозад, пешнињод намояд. Ба ин ќабил далелњо метавонад баёноти хешу табор, њамсояњо, раисони мањаллањо, расм ва сабтњои видеоии падару кўдак пазируфта шаванд.

   Танњо пас аз эътирофи тасдиќи факти падарї ва эътибори ќонунї пайдо кардани њалномаи судї аз чунин падар алимент рўёнида мешавад.

    Андозаи алимент

   Андозаи алименте, ки мутобиќи созишномаи пардохти алимент муќаррар шудаст, аз љониби тарафњо пардохта мешавад.

  Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент, Кодекси оилаи ЉТ андозаи алиментро вобаста ба шумораи кўдакони ноболиѓ чунин муайян кардааст:

  • барои як кўдак – чоряки музди мењнат ва дигар даромади алиментсупоранда (25%);
  • барои ду кўдак - сеяки музди мењнат ва дигар даромади алиментсупоранда (33,3%);
  • барои се ва зиёда кўдак - нисфи музди мењнат ва дигар даромади алиментсупоранда (50%).

    Дар сурати мављуд набудани созишномаи пардохти алимент барои кўдакони ноболиѓ ва ё музди кор ва ё даромади номунтазам ё таѓйирёбанда доштани падар ё модари алиментдињанда суд метавонад андозаи алименти њармоња ситонидашавандаро бо маблаѓи устувор муайян намояд.

   Ҳангоми таѓйир ёфтани вазъи моддии шахси алиментдињанда тарафи алиментгиранда метавонад ба суд бо ариза оиди зиёд намудани андозаи алимент мурољиат намояд.

    Дар хотир бояд дошт! Њалномаи судї оид ба ситонидани алимент фавран бояд иљро гардад!

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Клиникаи њуќуќї
  • Машварати њуќуќї ба Мадина сокини н. Вахш

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол