Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

41.jpg

МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ

Истиқлоли давлатӣ барои кишвари мо сарчашмаи пешрафт ва навгониҳо гардид, ки яке аз ин навъ пешрафту навгонӣ дастёб ва ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои беназир дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб меравад. Дар ин давра тадриҷан қонунгузории миллӣ ба стандарту меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мувофиқ гардонида шуда, барои таҳкими ин раванд заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ фароҳам оварда шуданд. Тоҷикистон бо дарназардошти иҷроиши уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро касб кардааст. Шаҳодати ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он боби дуюм пурра ба ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои инсон бахшида шудааст. Дар бобҳои дигари Конститутсия низ меъёрҳо вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷой доранд, ки бо такя ба онҳо Конститутсияи кишвари моро ҳамчун қонуни инсонмеҳвар ва инсондўстона муаррифӣ ва баҳогузорӣ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани муқаррароти конститутсионӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва иҷроиши уҳдадории байналмилалӣ якчанд маротиба бо қарорҳои Ҳукумати кишвар барномаҳои давлатиро оид ба таълими ҳуқуқи инсон қабул намудааст, ки онҳо асоси ҳуқуқӣ ва заминаҳои мусоидро барои омўзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварданд. Чунончи бо Қарорҳои Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон» (аз 12.06.2001с., №272, аз 03.12.2012с., №678, аз 30.12.2021с., №565) се маротиба барномаҳои таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул гардидааст.
Кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ аз соли 2006 инҷониб ҳамчун кафедраи пешбар ва асосӣ дар самти омўзиши таърихи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи инсон, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи  занону кўдакон, муҳоҷирону гурезагон ва ҳоказо ба ҳисоб рафта, омўзгорону дастпарварони кафедра пажўҳишҳои илмии бунёдиро оид ба паҳлуҳои муҳим ва мубрами ҳуқуқи инсон ва илми ҳуқуқшиносӣ дар маҷмуъ анҷом додаанд ва дода истодаанд. Таҷрибаи беш аз понздаҳсолаи кафедра нишон медиҳад, ки то имрўз аз ин боргоҳи илму маърифат кадрҳои баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ тавлид ва ба самтҳои муҳимми хоҷагии халқ барои хизмати софдилонаву содиқона ба Ватани маҳбуб ва халқи азиз сафарбар гардидаанд.
Омўзгорони кафедра аз фанҳои ҳуқуқи инсон, таърихи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, анъанаҳои ҳуқуқӣ-миллии тоҷикон, курсҳои махсуси ҳуқуқи занон, ҳуқуқи кўдак, ҳуқуқи гурезаҳо, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳуқуқи мусулмонӣ таълим дода мешаванд. Ҳамзамон, аз ҷониби омўзгорони кафедра дар ҳамаи факултетҳо ва  ихтисосҳои ғайриҳуқуқшиносии ДМТ фанни ҳуқуқ дарс дода мешавад.
Маҷмуаи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ фарогири барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои тақвимӣ аз фанҳои болозикр буда, тибқи талаботи барномаҳои нави таълимӣ омода шудааст.
Имрўз, ки талабот ба сифати таълим, махсусан таълими илмҳои ҳуқуқшиносӣ зиёд гардидааст, таҳияи маҷмуаи барномаҳои таълимӣ барои таҳким ва рушди сифати таҳсилоти ҳуқуқшиносӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгўи талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.
Маҷмуи барномаҳои таълимӣ аз фанҳои кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ як кўшиши ҷиддӣ ва қадами муҳим дар самти тарѓиби андешаҳои инсондўстӣ ба ҳисоб рафта, барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон миёни донишҷўён – ҳуқуқшиносони оянда мусоидат хоҳад кард.
Мураттибони маҷмуа кўшиш ба харҷ додаанд, ки омўзиши фанҳои зикргардида ва таълиму тарбияи шогирдон дар доираи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба роҳ монда шавад.

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Хабарњо
  • МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Хабарњо
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол