Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

farhutdinov.jpg

Оид ба фаъолият ва дастовардњои кафедра

ЊИСОБОТ

оид ба фаъолияти кафедраи њуќуќи љиноятии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар соли  таълимии 2016 – 2017

      Муќаддима

          Дар солњои  2016 – 2017 дар љараёни фаъолияти худ кафедра наќшаи таълимиро пурра иљро намуда истода, тадќиќотњои илмиро мувофиќи наќша мегузаронад. Њамзамон аъзоёни кафедраи њуќуќи љиноятї дар давоми давраи њисоботї дар коркарди якчанд лоињањои ќонунњо ва амалї намудани дастуру супоришњои раёсати донишгоњ сањми худро гузоштанд. Бо маќсади таъмини самаранокии фаъолият, аъзоёни кафедра корњои зайлро, ба монанди љалби мутахассисони пуртаљриба аз амалия, бештар ва пурзур намудани иштироки устодони кафедра дар дарсњои њамдигар, бо назардошти талаботњои нави љамъиятї ва илми муосири ташаккулёбанда аз нав тањия намудани мавзўи рисолањои дипломї ва корњои курсї, инкишоф додани усули дар дарсњои семинарї истифода намудани маводњои айёнї ва санадњои меъёрї-њуќуќї анљом доданд. Бояд ќайд намуд, ки дар давраи њисоботи дастовардњои ќафедра назаррас буда фаъолияти онро дар маљмў мусбї арзёбї кардан мумкин аст.

 Аъзоёни кафедра

Дар солњои 2016 – 2017 дар кафедра 11 – нафар устодони штатї ва 3 – нафар устодони њамкор (соатбайъ) сарбории кафедраро иљро намуданд. Њоло устодони штатии  кафедра шахсони зерин мебошанд:

1. Сафарзода А.И – номзади илмњои њуќуќ, дотсент, мудири кафедра;

2. Шарипов Т.Ш. – доктори илмњои њуќуќ, профессор;

3. Сатторов Г.С. – номзади илмњои њуќуќ, дотсент;

4. Шарипов Р.И. – номзади илмњои њуќуќ, дотсент;

5. Камолов З.А – номзади илмњои њуќуќ, дотсент;

6. Мирзоахмедов Ф.А. - номзади илмњои њуќуќ, муалими калони кафедра;

7. Холиќов Ш.Л. – ассистент;

8. Юлдошева Г.М. - ассистент;

9. Мирзоев С.Т. - ассистент;

10. Сайфуллоев У.А. - ассистент;

11. Миралиев Э.Б. - ассистент.

Устодони њамкор:

1. Саидов Ш.Н. – номзади илмњои њуќуќ, дотсент, сардори Раёсати илм ва навоварии техники ДМТ;

2. Саийдвализода Б.С.-номзади илмњои њуќуќ, муовини сардори Раёсати њуќуќи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон;

3. Сафарализода З.С. – номзади илмњои њуќуќ, корманди Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон;

Фанњои кафедра

Дар солњои  2016-2017 дар кафедраи њуќуќи љиноятї дар номгўи фанњои таълимї ихтисор ба вуљуд омад. Њоло дарсњои лексионї ва семинарї аз фанњои зерин гузаронида мешаванд:

1. Њуќуќи љиноятї, ќисми умумї;

2. Њуќуќи љиноятї, ќисми махсус;

3. Њуќуќи иљрои љазои љиноятї;

 Курсњои махсус

1. Сиёсати њуќуќии љиноятї;

2. Асосњои илмии банду басти љиноятњо;

3. Љиноятњо дар соњаи фаъолияти иќтисодї;

4. Љиноятњо ба муќобили моликият ;

5. Асосњои умумии таъини љазо;

6. Тартиби иљрои љазоњое, ки ба мањрум сохтан аз озодї алоќаманд нестанд;

7. Љиноятњои њарбї;

8. Муќовимат бо савдои одамон;

9. Љиноятњои байналмиллалї;

10. Идоракунии муассисањои ислоњї;

11. Субкултураи пенитенсиарї.

 Маводњои таълимии кафедра

Дар соли љорї аз љониби устодони кафедра китоби дарсии «Њуќуќи иљои љазои љиноятї», васоити таълимии «Сиёсати њуќуќи љиноятї» ва «Муќовимат бо савдои одамон» ба нашр омада гаштааст. Дар баробари ин, кафедра тасмим гирифтааст, ки охири соли љорї тафсир ба Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистонро бори аввал ба забони давлатї тањия ва чоп намояд.

Ташкили тадќиќоти илмї дар кафедра

Дар давраи њисоботї аз љониби кафедра як конфронси љумњуриявї бо љалби намояндагони маќомоти давлатї ва доирањои илмии љумњурї дар мавзуи «Муќовимат бо коррупсия ва љиноятњо ба муќобили моликият» рўзи 9 декабри соли 2016, бахшида ба рўзи байналмиллаии мубориза бар зидди коррупсия баргузор гардид. Дар баробари ин, устодони кафедраи њуќуќи љиноятї маќолањои илмии худро дар  маљаллањои илмии дохил ва хориљи кишвар низ нашр намуданд. Аз љумла, дотсент Сафарзода А.И. ва аспиранти кафедра Ќурбонзода Б.Ш. дар конфронси байналмиллалии “Хониши Кутафинї”(ш.Москва, 22-27 ноябри соли 2016), дотсент Сафарзода А.И. ва ассистент Юлдошева Г.М. дар конференсияи илмї-амалии байналмилалї дар мавзуи “Њуќуќи љиноятї ва ќонуни љиноятї: назария ва амалия” (14 апрели соли 2017, Санкт-Петербург) иштирок ва баромад намуданд.

Устодон ва аспирантони кафедра мунтазам маќолањои илмии худро  маљалањои илмии дохили кишвар, ба монанди “Паёми Донишгоњи миллии Тољикистон”, “Паёми Донишгоњи славянии Россияву Тољикистон”, “Паёми Донишгоњи омузгорї”, “Њаёти њуќуќї”, “Давлатшиносї ва њуќуќи инсон” ва хориљи кишвар, ба монанди “Юридическая техника”(Нижний Новгород), “Юридическая наука: история и современность” (Санкт –Петербург), “ Журнал гражданского и уголовного права” (Сочи) ба нашр мерасонанд.

 Мањфили илмии донишљўён

Дар кафедраи њуќуќи љиноятї аз солњои аввали таъсисёбии он мањфили илмии “Криминалист” фаъолият менамуд. Бо дарназардошти људо шудани кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї аз њайати кафедраи њуќуќи љиноятї мањфили илмї бо номи “Љиноят ва љазо” фаъолияти худро давом дода истодааст.  Мањфили илмї бо роњбарии дотсент Сатторов Г.С. њар њафта як маротиба бо љалби донишљуёни тамоми ихтисосњои амалкунандаи факултети њуќуќшиносї  баргузор гардида, маърўзањои бењтарин барои конфронси апрелї тавсия карда мешаванд.

Мутобиќи наќшаи тасдиќ гардидаи ДМТ оид ба баргузории конфронси апрелї дар бахши њуќуќи љиноятї 29 нафар бо маърузањо баромад намуда, бо ифтихорномањо сарфароз гардонида шуд.

Дар баробари ин, устодони кафедра донишљуёни аълохону забондони факултетро бо маърузањояшон ба конфронси чоруми байналмилалии донишљуён дар мавзуи “Њолати муосир ва дурнамои рушди ќонунгузории Тољикистон ва кишварњои ИДМ”, ки рўзи 28 апрели соли 2017 дар Донишгоњи славянии Тољикистону Руссия баргузор гардид, сафарбар намуданд.

 Корњои тарбиявї

Устодони кафедраи њуќуќи љиноятї дар баробари таълим ба тарбияи донишљуён сањми арзанда мегузоранд. Бо дарназардошти мављудияти ихтисоси фаъолияти њифзи њуќуќ дар назди кафедра, устодон дар ин гуруњњои академї ба њайси сарпараст фаъолият менамоянд.

Гузашта аз ин, дар ду моњ як маротиба мутобиќи наќшаи кории кафедра натиљаи фаъолияти сарпарастони кафедра дар љаласањои кафедра мавриди муњокима гирифта, барои самаранок намудани кори онњо тавсияњо дода мешавад. 

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Сохтори факултет
  • Нињодњое, ки тадќиќотњои илмї ва таълимиро амалї мегардонанд
  • Кафедрањо
  • Кафедраи њуќуќи љиноятї ва муќовимат бо коррупсия
  • Оид ба фаъолият ва дастовардњои кафедра

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Сохтори факултет
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол