Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлати демокративу њуќуќбунёд, тањкими давлатдории миллї, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шањрванд сањми беназир дорад.
Тавре ки Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар маљлиси тантанавї ба ифтихори 25-умин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон иброз доштанд: “Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст”.
Дар воќеъ Конститутсияи кишвар тамоми орзуву ормон ва њувияти озодихоњиву озодиандешии мардуми тољикро дар худ ифода намуда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагонии босаодати ҳар фард заминаи мусоидро фароњам овард.
Дар чунин лањзањои фарањбахш бо камоли ифтихору сарфарозї устодону кормандон, донишљўёни Донишгоњи миллии Тољикистон ва мардуми шарафманди Тољикистони азизро ба Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон самимона муборакбод гуфта, барояшон саломативу сарбаландї, ободиву осоиш, хушњоливу хушрўзї ва ба Тољикистони азиз пешрафту инкишофро орзумандам.
Бо камоли эњтиром,
Садорати факултети њуќуќшиносии
Донишгоњи миллии Тољикистон
Официальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
Парламент Республики Таджикистан
Национальный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
Представительство по правам человека Республики Таджижикистан
Таджикский национальный университет
Национальное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанРеспублика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07