Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

015.jpg

Њидоят ва роњнамоињои устоди собиќадор ба љавонон

        Бахшида ба таљлили «Соли Љавонон» ва дар арафаи «Рўзи љавонон» нимаи дуюми рўзи 20-уми майи соли љорї дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон вохурии устодону донишљўёни факултет бо Арбоби илм ва техникаи Тољикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Академики Академияи илмҳои Тољикистон Тоҳиров Фозил доир гардид. Вохуриро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, қайд намуданд, ки вохўрии имрўза басо рамзї буда, дар пайи дастуру супоришҳо ва сиёсати хиратмадонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон сурат мегирад. Аз љумла Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши љавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои љаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандўстиву ватанпарастї мебошад».

     Мавсуф иброз намуданд, ки Тоҳиров Фозил яке аз устодони соҳибтаљрибае мебошанд, ки мактаби ҳуқуқиашон самараи беҳамто дорад. Устод дар тайёр намудани ҳуқуқшиносони болаёқат дар Љумҳурии Тољикистон саҳми босазо доранд. Зери роҳбарии он кас 9-то доктори илм ва 33-то номзади илм рисолаҳои илмиро дифоъ намуданд. Нақши устод дар нуфузи илми ҳуқуқшиносї назаррас мебошад. Дар рўзҳои вазининтарини халқи тољик ба сифати Ректори Донишгоҳи давлатии милли Тољикистон кору фаъолият кардаанд. Новобаста аз оне, ки устод дар мансабҳои гуногун аз он љумла ректори ДДМТ (1990 – 1995), саркотиби илмии Академияи илмҳои ЉТ (1995 -2006) ва директори Пажўҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ЉТ (аз соли 2006) фаъолият намуданд, робитаашонро бо факултет қавї нигоҳ доштанд. Айни ҳол профессор-машваратчии кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносї ДМТ мебошанд.

      Сипас, Тоҳир Фозилов суханронї намуда, ҳозиринро бахшида ба «Соли љавонон» ва фарорассии «Рўзи љавонон» табрику таҳният гуфта, барои ташкил намудани чунин як вохўрї ба ташаббускорон изҳори сипос намуданд. Ёдовар гардидаанд, ки худ дастпарвари факултети ҳуқушиносї мебошанд. Таъкид намуданд, ки дустї, ҳамдигарфаҳмї эҳтироми устодон вазифаи яко яки донишљўён мебошад. Дар давраи фаъолият намудан ҳамчун омўзгор устод бо омўзгороне кору фаъолият намуданд, ки номи онҳо дар таърих абади боқї монд. Дар хусуси сафарҳояшон ба хориља ва дохили љумҳурї нақл намуданд, ки писанди ҳозирин гардид.

     Мавзўи «Нақш ва мақоми конститутсия дар тарбияи љавонон» масъалаи марказии сўҳбати устод буд. Оиди љанбаҳои муассири Конститутсия баромад намуда, қайд доштанд, ки худ дар таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон иштирок намуда, чи донишу малакае, ки доштанд баҳри мукамалгардии он дареғ надоштанд. Конститутсияи Тољикистон шиносномаи давлати Тољикистон ва муаррифкунандаи миллати тољик дар љаҳон мебошад. Ормонҳои халқи Тољикистон дар Конститутсия таљассум гардидааст. Оиди гуногунандешї иброз намуданд, ки бояд созанда ва пешниҳодҳо хайрхоҳона бошад. Ҳамин тавр, аз солҳои донишљўї, аспирантї, докторантї, роҳбарї ва омўзгории худ ёдовар шуда, ба ҳозирин маслиҳатҳо ва роҳнамоҳои муфидро пешниҳод намуданд.

     Дар охир миёни донишљўёну устодон ва Академик Тоҳиров Фозил музокира сурат гирифт. Устодону донишљўён аз вохўрї қаноатмандї намуда, изҳор доштанд, ки пайравони чунин устодони комил, олимони соҳибтаљриба ва инсони соҳибэҳтиром мегарданд.

     P.S.: Лозим ба ёдоварист, ки «мактаби илмии академики АИ ЉТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Фозил Тоҳиров аз пурмаҳсултарин мактабҳои илми ин соҳаи ҳуқуқ мебошад, ки ба таҳқиқи масъалаҳои назария ва рушди таърихии ҳуқуқ иртибот дорад. Ў солҳои 1967-1995 ба сифати лаборант, муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба (1969-1972), ноиби ректор оид ба таҳсили шабона (1972-1973), муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалї (1986-1990) ва солҳои 1990-1995 ба ҳайси ректори ДМТ фаъолият кардааст.

   Ў пас аз таҳсил дар аспирантураи донишгоҳ соли 1971 рисолаи номзадї ва соли 1988 рисолаи докториашро дифоъ намудааст. Доираи таҳқиқоти илмии мавсуф низоми ҳуқуқии Тољикистони тоинқилобї ва ташаккули ҳуқуқи шўравиро дар љумҳурї дар бар мегирад. Ў яке аз олимони сермаҳсули ҳуқуқшинос буда, зиёда аз 250 номгўї осори илмї, таълимию методї, китоби дарсї ва мақолаи илмї ба табъ расонидааст. Асарҳои олим - «Ташаккули ҳуқуқи шўравї дар Тољикистон» (1994), «Низоми ҳуқуқии Тољикистони тоинқилобї» (1998), «Низоми ҳуқуқии ЉМШС Тољикистон» (1988), «Шариат ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии оилавї» (бо ҳаммуаллифї, 1999, ба забонҳои русї ва тољикї), китобҳои дарсии «Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тољикистон» (2001), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи дунёи қадим» (2003), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориљї» (2004, 2007, дар 2 љилд) ва ғайра дар доираҳои илмї эътирофи комил пайдо кардаанд.

    Ў зиёда аз 45 сол аст, ки ба донишљўёни факултети ҳуқуқ аз фанни «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориљї» дарс мегўяд. Дар мактаби илмии профессор Ф. Тоҳиров се самти асосии пажўҳиш – таърихи ҳуқуқ ва давлат, назарияи ҳуқуқ ва давлат ва таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат афзалият дорад. Дастовардҳои илмии ин мактаб дар доираҳои илмии ватанї ва кишварҳои хориљї эътироф шудаанд. Таҳти роҳбарии ў 33 нафар аспиранту унвонљў рисолаҳои номзадї ва докторї дифоъ намудаанд. Бо нишони «Аълочии-маорифи Љумҳурии Тољикистон», медали «Барои меҳнати шоён», медали љашнии «10-солагии Иљлосияи ХVI-уми Шўрои Олии ЉТ» ва унвони ифтихории «Арбоби илм ва техникаи Тољикистон» қадрдонї шудааст». [Иқтибос аз китобї: Маҳмадюсуф Имомзода, сафармамад Сафармамадов, Ҳафиз Раҳмон, Қаҳҳори расулиён. 25 зинаи камолот (Донишгоҳи миллии Тољикистон дар масири истиқлолият). Душанбе: Андалеб Р, 2016]

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Хабарњо
  • Њидоят ва роњнамоињои устоди собиќадор ба љавонон

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Хабарњо
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол