Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

96.jpg

Наќши љавонон дар рушди њаёти њуќуќии љомеа

   Бо чунин ном нимаи аввали рўзи 19.05.2017 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон бахшида ба таљлили «Соли љавонон» бо иштироки доираи васеъи омўзгорону аспирантон, олимон ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї мизи мудаввари љумњуриявї баргузор гардид. Љаласаро бо сухани ифтитоњї декани факултети њуќуќшиносї номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Д.С. њусни оѓоз бахшида, иброз доштанд, ки санаи 22-юми декабри соли 2016 Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумҳурии Тољикистон соли 2017-ро «Соли Љавонон» эълон намуданд. Љавонони мо аз ин таваљљуњи Пешвои миллат руњу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиќона намудан, марзу буми онро њимоя кардан ва дар њимояи манфиатњои давлату миллат њушёр буданро ќарзи фарзандии худ медонанд. Татбиќи босамари сиёсати давлатии љавонон аз рўзњои нахустини соњибистиќлолї дар мењвари фаъолияти Њукумати Тољикистон ќарор дорад. Аксарияти ањолии Тољикистонро љавонон ташкил медињанд, ки онњо давомдињандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иќтидори воќеии пешрафти љомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

     Зимни сухани муқаддимавии хеш, намояндаи Раёсати ДМТ, сардори Раёсати илм ва навоварии техникї номзади илмњои ҳуқуқ, дотсент Қурбонализода Н.Ш. ҳозиринро аз номи роҳбарияти Донишгоҳ табрик гуфта, барои ташкил намудани чунин як ҳамоиши илмии муфид ва саривақтї ба ташабускорон изҳори сипос намуд. Умед карда шуд, ки натиљаҳои мизи мудаввар барои боло бурдани масъулияти хештаншиносиву ватанпарастии љавонон ва нақши онҳо дар густариши ҳаёти ҳуқуқии љомеа муфид хохад буд.

   Сипас, аз рўи барномаи мизи мудаввар маърузаҳои устодони љавони факултет Саъдиев Исмоил - ассистенти кафедраи ҳуќуќи соњибкорї ва тиљоратї дар мавзўи «Заминаҳои ҳуқуқии дастгирии давлатии љавонон дар Љумҳурии Тољикистон»; Миралиев Эмомалї - ассистенти кафедраи ҳуқуқи љиноятї дар мавзўи «Сиёсати давлатии љавонон дар Љумҳурии Тољикистон»; Икандаров Шараф - ассистенти кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї дар мавзўи «Понятие и виды институтов по правам человека»; Соҳибов Зайниддин - ассистенти кафедраи њуќуќи конститутсионї дар мавзўи «Сиёсати ҳуқуқи маъмурии Љумҳурии Тољикистон»; Саломов Исроил - ассистенти кафедраи њуќуќи байналхалќї дар мавзўи «Нақши пешвои миллат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии љавонон» ва Қурбонзода Бењрўз - аспиранти кафедраи ҳуқуқи љиноятї дар мавзўи «Роҳҳои пешгирии шомилшавии љавонон ба иттиҳодияҳои экстримистї» шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти мавзўҳои худро шарҳ дода, таҳқиқу омўзиши масъалаҳои зикргардидаро асоснок намуданд.

     Оид ба маърўзаҳои қироатшуда саволу љавобҳо ва музокираҳои тулонї сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалаи баррасишаванда дар музокира устодон Раҳмон Д.С., Азизов У.А., Искандаров З.Х., Соҳибов М., Сафарзода А.И., ва дигарон баромад намуда, оид ба паҳлўҳои мухталифи мавзўҳои баррасишаванда фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.

    Дар фарљоми кори мизи мудаввари љумҳуриявї кулли иштирокчиён иброз намуданд, ки дар шароити муосир бо назардошти таъсири амиќи омилњои љањонишавї дар соњаи илм ва фарњанг, тафовути фарњангї-тамаддунии олами шарќу ѓарб, проблемањои мувофиќкунонии андеша, назария ва арзишњои ѓарбгароёна ба муњити миллии фарњангї ва њаёти њуќуќї, зарурияти анљом додани корњои арзишманд ва тарбия љавонони лаёќатмандро руйи кор меорад. Аз ин рў, дар шароити кунунии рушди давлатдорї тарбия намудани њуќуќшиносони насли муосир, ки њаматарафа аз донишњои њуќуќї бархурдор буда, дар рўњияи ватандўстї, хештаншиносї, арљгузорї ба муќаддасоти миллї, пос доштани арзишу суннатњои миллї, њифзи манфиатњои давлат, гиромидошти тамомияти арзї ва якпорчагии Тољикистон тарбия ёфтаанд, амри муддаост.


Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Хабарњо
  • Наќши љавонон дар рушди њаёти њуќуќии љомеа

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Хабарњо
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол