Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

56.jpg

Конститутсия– танзимгари муносибатњои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангии љомеа

      Санаи 29-уми октябри соли 2016 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ конфренсияи байналмилалии илмї-амалї дар мавзўи «Конститутсия– танзимгари муносибатњои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангии љомеа» бахшида ба 22-юмин солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон баргузор гардид. Дар он олимони ватанї ва хориљї, мутахассисон ва доираи васеи омўзгорону аспирантон, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврї иштирок намуда, масъалањои мубрами њуќуќи конститутсионї ва маъмуриро мавриди баррасї вамуњокима ќарор доданд.

    Зимни ин њамоиши илмї ќайд гардид, ки баъди ба даст овардани Истиќлолияти давлатї, Љумњурии Тољикистон марњилаи нави давлатдориро шуруъ намуд. Давраи мустаъќили рушди иќтисодиву сиёсї ва иљтимоиву фарњангї дар робита бо эњёи суннатњои миллии давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанањои миллї, мероси ѓании фарњангї ва дар заминаи густариши равобити муносибатњои байналмиллалї бо давлатњои хориљї ва ташкилотњои бонуфузи байналмилалї оѓоз ёфт. Дар љомеа зарурияти таърихии интихоби шаклу сохти нави давлатдорї, низоми маќомоти нави њокимияти давлатї, таъмини арзишњои волои инсон ва њуќуќу озодињои он ба вуљуд омад. Мањз дар чунин вазъият давлати тозабунёди Тољикистонро зарур буд, ки Ќонуни асосї-бахтномаи миллати худро ќабул кунад, то ин ки дар марњилаи нави инкишофи таърихї ва дигаргуниҳои куллї дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти халқ, њангоми бунёди давлатдории ҳуқуқбунёди демократї, эъмори љомеаи шаҳрвандї ва ривољи муносибатҳои нави иқтисодї тавониста бошад зина ба зина бо роњнамоии ин њуљљати муњим ба марњилањои нави тараќќиёт ворид шавад. Бо ин мақсад 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба Конститутсияи Љумҳурии соҳибистиқлоли Тољикистон аз тарафи халқ, тавассути райъпурсии умумихалқї қабул гардид. Конститусияи ЉТ санади олии њуќуќї ва муњимтарин њуљљати сиёсї ба њисоб рафта, тўли 22 соли амал тавонист муносибатњои љамъиятиро муътадил ва муназзам гардонад. Мањз дар Конститусия унсурњои асосии давлатдории муосири Тољикистон, махсусан демократия, соњибихтиёрї, њуќуќбунёдї, дунявї, ягонагї ва иљтимої муайянгардида, он ба рамзи ягонагии миллати тољик, бањамоии ќишрњои гуногуни љомеа, марњилаи нави эъмори давлати миллии тољикон бо номи Љумњурии Тољикистон, сулњу суббот, оромию осудагї табдил ёфтааст.

     Аз рўйи барномаи конфронс баромади маърўзачиён доир ба масъалањои танзими конститутсионї-њуќуќии созмонёбї ва фаъолияти маќомоти олии ҳокимияти давлатї, њуќуќи инсон њамчун арзиши конститутсионї, вазъи њуќуќї-конститутсионии Комиссияи маркази иинтихобот ва райпурсї ва мавќеи он дар низоми маќомоти њокимияти давлатии Љумњурии Тољикистон, самтњои асосии рушди идоракунии мањал дар Љумњурии Тољикистон, њуќуќу озодињои инсон дар партави таѓийроту иловањои Конститутсияи соли 2016, наќши Конститутсия дар тањкими низоми њизбии Љумњурии Тољикистон, наќши маќомоти Прокуратура дар тањкими ќонунияти конститутсионї, њуќуќи мурофиавии маъмурї њамчун соњаи мустаќили њуќуќи Љумњурии Тољикистон, сиёсати њуќуќї дар самти таъмини њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд дар Љумњурии Тољикистон, асосњои конститутсионї-њуќуќии ташкили идоракунии њудудї, соњавї ва байнисоњавии давлатї, мањфуми мурофиаи ќонунгузорї дар Љумњурии Тољикистон ва ѓайра. Зимни баррасии мавзўњои зикргардида аз љониби олимон ва мутахассисон пешнињодњо оид ба мукаммал намудани ќонунгузорї, аз љумла ќабул намудани Ќонунњои конститусионї «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Љумњурии Тољикистон», «Тартиби баргузории интихобот дар Љумњурии Тољикистон», Ќонуни ЉТ «Дар бораи њизбњои сиёсї» ва ворид намудани таѓийроту иловањо ба дигар ќонунњо ироа шуданд.

       Оид ба маърузањои ќироат шуда саволу љавоб ва музокирањо сурат гирифтанд. Аз љумла, дар робита ба масъалањои баррасишуда иштирокчиён баромад намуда, андешаю назари хешро оид ба пањлуњои мухталифи масъалањои баррасишуда баён доштанд. Дар маљмўъ таъкид карда шуд, ки Конститутсияи соли 1994 бањайси њуљљати ќутбнамо дурнамои рушди устувори давлати навини миллии тољиконро муайян намуд ва барои миллати тољик сарнавишти хурамеро фароњам овард. Тавассути ин санад падида ва зуњуроте рўйи коромаданд, ки барои тафаккури ќаблии шўравии шањрвандон комилан бегона буданд ва хатарњое низ љой доштанд, ки татбиќ ва амалишавии дурусти ин навгонињоро маврди шубња ќарор медоданд. Кафолати гуногуншаклии моликият ва эълони дахлнопазирии моликияти хусусї, эътирофи њуќуќ ба озодии виљдон ва эътиќоди динї, тањкими усули гуногунрангии сиёсї, њуќуќї ва мафкуравї аз љумлаи пешќадамтарин арзишњое пиндошта шуданд, ки дар шароити низоми сиёсии ќаблї мањдуд ва ё комилан инкор мегаштанд. 22 соли амали мустаќими меъёрњои конститутсионї аз он гувоњї медињанд, ки ин роњи интихоб намуда ягона роњи дуруст ва бехато буд, ин санади муњими њуќуќї таъиноти аслии худро дар мавриди эъмори давлат ва низоми нави њуќуќї комилан иљро намуд, иќтидори анљом додани вазифа ва рисолати бештарро низ соњиб аст.     

        

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Хабарњо
  • Конститутсия– танзимгари муносибатњои сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангии љомеа

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Хабарњо
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол