Баннер 2
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

31.jpg

Тартиби ќабул 2013 сол

   Ќоидаи Ќабули донишљуён ба факултети њуќуќшиносї дар асоси ќоидањои муайян намудаи Раёсати Донишгоњи  миллии Тољикистон барои њар сол муайян карда мешавад. То соли 2012 дар факултети њуќуќшиносї њуљљатњо барои панљ ихтисос ќабул мегардиданд. Инњо ихтисосњои:

  1. њуќуќшиносї (24010200);
  2. муносибатњои байналхалќї (њуќуќ) (240101100);
  3. фаъолияти њифзи њуќуќ (93010100);
  4. идораи давлатї ва њуќуќ (26010200);
  5. њуќуќшинос маълумоти дуюм(24010233)
  6. њуќуќшиносї ихтисоси танзими њуќуќии молия ва ќарз (24010302)

I. Муќаррароти умумї

Ќоидањои ќабули донишљўён ба Донишгоњи миллии Тољикистон дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї», «Оинномаи Донишгоњи миллии Тољикистон» ва «Ќоидањои ќабули донишљўён ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон дар соли тањсили 2011-2012» тањия гардидааст.

II. Тартиби ќабули донишљўён ба Донишгоњи миллии Тољикистон


1.Донишгоњи миллии Тољикистон ќабули донишљўёнро дар соли 2012 аз рўи ихтисосњои мувофиќ дар шўъбањои рўзона ва ѓоибонаи гурўњњои буљавї ва шартномавї эълон менамояд.

2. Шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, ибтидоии касбї ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, метавонанд дар Донишгоњ тањсилро идома дињанд. Њамчунин шахсони дорои маълумоти олї барои дарёфти тањсилоти дуюми олї дар асоси ќоидањои амалкунандаи ќабул мутобиќи шартнома ба ихтисосњои муайяннамудаи Донишгоњ пазируфта мешаванд.

3. Ба Донишгоњ шањрвандони давлатњои хориљї (ба истиснои тољикони бурунмарзии собиќ Иттињоди Шўравї) дар асоси «Ќоидањои ќабули шањрвандони хориљї ба муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбии Љумњурии Тољикистон» дар асоси шартњои зерин ќабул карда мешаванд:

  • мутобиќи созишномаи дутарафаи байнидавлатї;
  • дар њудуди љойњои муќарраршудаи ќабул бо роњхати Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон;
  • мувофиќи шартномаи тарафайн бо Донишгоњ барои њар як љой дар њудуди миќдори муайяншудаи иљозатнома (литсензия) бо пардохти њаќќи тањсил тибќи ќоидањои ќабул.


4.Тољикони аќќалиятњои миллии Иттињоди Давлатњои Мустаќил дар сурате, ки ба ќатори шањрвандони ватанї имтињони ќабулро супорида ба холњои гузариш муваффаќ шаванд, маблаѓи тањсилро њамчун шањрвандони љумњурї пардохт менамоянд.    

5.Њамаи довталабон, сарфи назар аз аслу насаб, љинсият, забон, мансубияти нажодиву миллї, баромади иљтимоиву хусусияти касбу кор, эътиќод, мазњабу муносибат ба дин ва мансубияти њизбї зимни гирифтани тањсилоти олии касбї њуќуќи баробар доранд.

6.Тањсил дар Донишгоњи миллии Тољикистон бо забонњои тољикї ва русї сурат гирифта, мўњлати он барои дарёфти дараљањои бакалавриат 4 сол, барои  мутахассис 5 сол ва барои магистратура 2 сол (магистратураи ѓоибона 3 сол) муќаррар карда шудааст.

7. Ба шўъбањои рўзона шањрвандони синни то 35-сола ќабул карда мешаванд. Ќабули довталабон ба шўъбањои ѓоибона бе мањдудияти синну сол сурат мегирад.

8.Довталабон ба гурўњњои буљавї ва шартномавї дар њаљми наќшаи ќабул ба тариќи озмун, инчунин ба тариќи имтиёз ќабул карда мешаванд. Довталабон зимни ќабул ба Донишгоњ њуљљатњои зеринро пешнињод менамоянд:

  1. ариза ба номи ректори Донишгоњ;
  2. њуљљат дар бораи тањсилоти умумї (пурра), ибтидоии касбї ва миёнаи касбї (намунаи давлатї – нусхаи асл);
  3. маълумотномаи тиббї (шакли №086-У);
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4 см);
  5. шиноснома ё шањодатномаи таваллуд;
  6. билети њарбї ё шањодатномаи њарбии даъватшаванда;
  7. нусха аз дафтарчаи мењнатї, агар довталаб собиќаи корї дошта бошад;
  8. маълумотнома (справка) дар бораи хатми мактаби тањсилоти
  9. умумї, ибтидої ва миёнаи касбї ќабул карда намешаванд;
  10. ќарори Шўрои омўзгории мактаб, тавсияи шўъбаи маорифи ноњия ва роњхати њукумати ноњия (барои духтарон ва писароне, ки тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон ба ДМТ тавсия карда мешаванд)
  11. ќарори Шўрои ноњиявии мењнатї ва роњхати њукумати ноњия (барои духтарон ва писароне, ки бевосита дар истењсолот кор мекунанд).

   Дар њуљљати хатми тањсилотии довталабоне, ки мактаб ва литсейњои хусусиро хатм намудаанд, ба ѓайр аз мўњри муассисаи таълимї инчунин  мўњри шўъбаи маорифи шањру ноњия низ њатмист.

9.Довталабон танњо дар яке аз ихтисосњои факултети интихобнамудаашон њуќуќи супоридани њуљљат ва имтињонњоро доранд.

10.Мўњлати њуљљатсупории довталабон ба гурўњњои буљавї аз 20-уми июн оѓоз ёфта, то 31-уми июли соли 2012 идома меёбад. Ќабули њуљљатњо барои гурўњњои шартномавї (шакли тањсили рўзона, ѓоибона ва тањсилоти дуюм) аз 20-уми июн то 10-уми августи соли 2012 муќаррар карда шудааст.
Ќабули њуљљатњо дар шўъбаи магистратура вобаста ба талаботи “Низомномаи магистратураи Донишгоњи миллии Тољикистон” (масъул: раёсати таълим) то 20.08.2012 ба роњ монда мешавад.

11.Довталабон њангоми супоридани њуљљатњо ва иштирок дар имтињонњои ќабул бояд талаботи «Дастурамали либосњои тавсиявии донишљўёни муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон»-ро риоя намоянд. Њамчунин овардан ва истифодабарии телефонњои мобилї дар рўзи супоридани имтињонњо ќатъиян манъ аст.

12.Довталабоне, ки муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро бо забони русї хатм намудаанд ва ба гурўњњои русии ихтисосњои Донишгоњ њуљљат супоридаанд, аз забон ва адабиёти рус иншо менависанд.
Довталабоне, ки муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро бо забони аќќалиятњои миллї хатм намудаанд ва ба ихтисосњои (гурўњњо) русї њуљљат супоридаанд, мувофиќи хоњиши онњо аз забони русї ва ё забони давлатї диктант менависанд.

13.Дар сурати аз як ќисми (блоки) имтињони тестї хол нагирифтан  бањои умумии имтињони тестї «ѓайриќаноатбахш» њисобида шуда, довталаб њуќуќи минбаъд дар озмун иштирок карданро аз даст медињад.
14.Натиљаи санљиши иншо баъди 48 соат (дар ихтисосњое, ки теъдоди довталабон дар як љой аз се нафар зиёд аст, натиљаи санљиши иншо баъди 60 соат)-и навиштани иншо ва натиљаи санљиши тестї на дертар аз 24 соати супоридани имтињон эълон карда мешавад.

15.Саволњои имтињонњои тестї дар асоси барномањои дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї амалкунандаи таълимї дар се ќисм (нигаред ба љадвали имтињоноти тестї) мураттаб карда шудаанд.

16.Комиссияи ќабули донишгоњ доир ба њар як ќисми имтињони тест миќдори холњои заруриро муайян карда, зимни арзёбии нињої натиљаи њар як ќисмро ба назар мегирад. Дар њолати баробарии холњои якчанд довталаб афзалият ба довталабе дода мешавад, ки аз ќисми якум (тахассусї) холи бештар гирифта бошад. Ба њар як савол 5 варианти љавобњо пешнињод мешавад, ки яке аз онњо дуруст аст. Довталаб вараќањои тестї ва саволњои имтињониро гирифта, њар як саволро меомўзад ва аз байни 5 варианти пешнињодшуда дурусташро пайдо карда, дар вараќаи тестї доираи ба ин вариант мањсубро сиёњ мекунад.

   Дар вараќаи тестї бояд ягон аломати зиёдатї гузошта нашавад. Дар сурати мављуд будани аломати зиёдатї, ишора ва ё танњо як нуќта (•) вараќаи тестї беэътибор дониста шуда, довталаб аз иштирок дар озмун мањрум мегардад.

17. Барои навиштани иншо 4 соат (240 даќиќа) људо карда мешавад. Мўњлати имтињони тестї барои ихтисосњои факултетњои фалсафа, таърих, њуќуќшиносї, филология, забон ва адабиёти рус, журналистика, шарќшиносї 3 соат (180 даќиќа), барои ихтисосњои дигар факултетњо 4 соат (240 даќиќа) муќаррар шудааст. Ваќти шарњу эзоњи тартибу низоми имтињони тестї ба ваќти људошуда дохил намешавад.

18. Аз рўи натиљањои имтињони дохилшавї довталаб њуќуќ дорад, ки апеллятсияи хаттї дињад ва дар ваќти баррасии апеллятсия шахсан иштирок намояд. Довталабе, ки барои аз нав дида баромадани бањои имтињон ариза навиштаанд, бояд бо худ шиноснома дошта бошад. Довталаби ноболиѓро (то 18-сола) метавонанд падар ё модараш њамроњї намоянд. Баррасии аризаи апеллятсионї кўшиши аз нав супоридани имтињон набуда, балки танњо санљиши дурустии бањои имтињони дохилшавї мебошад.

   Комиссияи аппелятсионї аризаи довталабонро пас аз эълони натиљаи имтињон дар давоми то 2 рўз ќабул ва баррасї менамояд.

Номгўи имтињонњо аз рўи ихтисос

р/т

Номгўи ихтисосњо

Ќисмњои имтињони тестї

Ќисми  I

Ќисми II

Ќисми III

8

Њуќуќшиносї, муносибатњои байналхалќї (њуќуќ), фаъолияти њифзи њуќуќ, идораи давлатї ва њуќуќ, танзими њуќуќии молия ва ќарз.

Асосњои давлат ва њуќуќ

Таърих

Забони              хориљї

 

19.Довталабоне, ки бе сабаб дар соати муќарраршуда барои супоридани имтињон њозир нашудаанд, ба имтињон роњ дода намешаванд. Довталабоне, ки бесабаб ба имтињони ќабул њозир нашудаанд ва ё дар ќисмњои имтињони тестї холи њадди аќали муайяншударо нагирифтаанд, њамчун довталабоне, ки бањои «ѓайриќаноатбахш» гирифтаанд, њисобида мешаванд.

20. Хатмкардагони муассисањои тањсилоти  ибтидої, миёна ва олии касбї ба шўъбањои ѓоибона (ба истиснои ихтисосњои омўзгорї) новобаста аз собиќаи корї ва ихтисос ќабул карда мешаванд. Дар гурўњњои буљавии шўъбаи ѓоибонаи ихтисосњои омўзгорї танњо довталабоне ќабул карда мешаванд, ки дар мактаб кор мекунанд ва дар ин хусус њуљљатњои тасдиќкунанда (роњхат аз шўъбаи маорифи шањру ноњия, гувоњномаю тавсифнома аз мактаб ва нусхаи дафтарчаи мењнатї аз љойи кор) пешнињод менамоянд.

21. Довталабоне, ки муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд, ба Донишгоњ ба тариќи сўњбат (бе имтињон) ќабул карда мешаванд.

Довталабоне, ки муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро бо медали нуќра ва биринљї хатм намудаанд, ба Донишгоњ (ба истиснои ихтисосњои њуќуќшиносии умумї, муносибатњои байналхалќї (њуќуќ), молия ва ќарз, иќтисодиёти љањон, бањисобгирии иќтисодї, тањлил ва аудит, технология ва низоми иттилоотї (дар иќтисодиёт), фаъолияти бонкї, менељмент, иќтисод ва идоракунї дар корхонањо, ва забони арабї) ба тариќи сўњбат (бе имтињон) ќабул карда мешаванд.
Довталабоне, ки муассисањои тањсилоти миёнаи умумиро аз рўи равияњои табиию риёзї ва гуманитарї-љамъиятї бо медали нуќраю биринљї хатм кардаанд, танњо дар ин равияњо ба Донишгоњ тариќи сўњбат (бе имтињон) ќабул карда мешаванд.
Дар сурати натиљаи манфии сўњбат довталабони мазкур дар асоси «Ќоидањои ќабули донишљўён ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон барои соли тањсили 2011-2012» имтињон месупоранд.

22.Ѓолибони љойњои якуми олимпиадањои љумњуриявї ва љойњои якум, дуюм ва сеюми олимпиадањои байналмиллалї аз рўи фанњои муассисањои тањсилоти умумї, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистонро доранд, зимни  мувофиќати ихтисос тариќи сўњбат ба курси якум ќабул карда мешаванд.
Ѓолибони љойњои дуюм ва сеюми олимпиадањои љумњуриявї аз рўи фанњои муассисањои тањсилоти умумї, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистонро доранд, танњо бо мувофиќати равия тариќи сўњбат ба курси якум ба истиснои ихтисосњои њуќуќшиносии умумї, муносибатњои байналхалќї (њуќуќ), молия ва ќарз, иќтисодиёти љањон, бањисобгирии иќтисодї, тањлил ва аудит, технология ва низоми иттилоотї (дар иќтисодиёт), фаъолияти бонкї, менељмент, иќтисод ва идоракунї дар корхонањо ва забони арабї) ќабул карда мешаванд.
Имтињони ќабул барои довталабони имтиёздор (соњибони медали нуќра ва биринљии муассисањои тањсилоти умумї, ибтидої ва миёнаи касбї), ки  танњо аз фанни тахассусї имтињон месупоранд, пеш аз мўњлати муќарраршуда сурат мегиранд.  

23.Баъди гирифтани бањои мусбат аз кори хаттї ва њадди аќали муайяншудаи холњои умумї шахсони зайл берун аз озмун ба донишгоњ ќабул карда мешаванд:

  • хизматчиёни њарбие, ки аз сафњои Ќуввањои мусаллањи Љумњурии Тољикистон љавоб шудаанд ва дорои имтиёзњои давлатї њастанд;
  • маъюбони гурўњи 1-ум ва 2-юм (аз љумла, нобиноёни дорои истеъдоди фавќуллода), агар тањсили онњо мувофиќи њуљљати тиббї дар ихтисосњои интихобкардаашон (тибќи пешнињоди њуљљатњои зарурї) манъ набошад;
  • ятимони бе падару модар тибќи пешнињоди њуљљатњои тасдиќкунанда.


24.Хатмкунандагони литсейи Донишгоњи миллии Тољикистон (равияи табиї-риёзї), ки имтињонњои хатми литсейро бо бањои «аъло» супоридаанд, ба гурўњњои буљавии равияњои табиию риёзї бе имтињон ќабул карда мешаванд. Њамчунин хатмкунандагони литсей, ки ба гурўњњои шартномавии ихтисосњои роиљи донишгоњї њуљљат месупоранд, дар асоси бањои имтињонњои хатми литсей бе имтињон ба донишгоњ ќабул карда мешаванд.

25. Шунавандагони шўъбаи тайёрии донишгоњ, ки 8 моњ дар ин шўъба тањсил кардаанд ва имтињонњои хатми шўъбаи тайёриро бо бањои «аъло» супоридаанд, ба гурўњњои буљавии ихтисосњои омўзгорї ва табиию риёзии Донишгоњ бе имтињон ќабул карда мешаванд. Хатмкунандагони ин шўъба, ки 8 моњ тањсил карда, ба гурўњњои шартномавии ихтисосњои донишгоњ њуљљат супоридаанд, дар асоси бањои имтињоноти хатми шўъба ќабул карда мешаванд.     

26. Хатмкунандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, ки то 3 фанни таълимиро нахондаанд ва дар шањодатномаи тањсилоташон ифодаи «нахондааст» ќайд гардидааст, мувофиќи ихтисоси ба фанњо алоќаманд њуќуќи пешнињоди њуљљатњоро барои дохилшавї ба факултетњои Донишгоњ надоранд.

27. Ќабули духтарон ва писарон тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон мувофиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 31.01.2006, № 58 «Дар бораи ќабули донишљўён ба мактабњои олии љумњурї тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон барои солњои 2006-2010» ва «Дастурамали ќабули духтарон ва писарон ба мактабњои олї (бе имтињон) тибќи квотаи Президентї» (ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 08.02.2006, №3/4) сурат мегирад.

28. Довталабон ба донишгоњ ба таври шартномавї дар асоси натиљањои мусбати имтињоноти хаттї ва тестї аз рўи озмун ќабул карда мешаванд. Њаљми маблаѓи њарсолаи тањсилро раёсати донишгоњ муайян ва тасдиќ менамояд ва он дар эълонњои комиссияи ќабул (дар љои ќабули њуљљатњо) нишон дода мешавад.

29. Шахсони њуќуќї (муассиса, корхона ва ташкилот), ки барои тањсили довталабон дар Донишгоњ роњхат медињанд, дар асоси шартномаи дутарафа ва шахсони алоњида дар асоси шартномаи инфиродї бояд то ќабули њуљљатњои довталаб маблаѓи тањсилро ба суратњисоби Донишгоњ гузаронанд.

30. Фармони  ректор оид ба ќабули донишљўён ба Донишгоњи миллии Тољикистон то оѓози соли тањсил ба имзо мерасад. Дар сурати пурра иљро нашудани наќшаи ќабул вобаста ба  ихтисосњо ректори Донишгоњ њуќуќ дорад, ки то 30-юми сентябри соли љорї ба фармони иловагии ќабули донишљўёни њамаи намудњои тањсилотро ба имзо расонад.    

31. Довталабоне, ки ба донишгоњ ќабул мешаванд, агар дар ибтидои тањсил 15 рўз бе сабаб ба дарсњо наоянд, аз донишгоњ хориљ карда мешаванд. Дар ин њолат маблаѓи пешакї пардохткардаи донишљўёни гурўњњои шартномавї баргардонида намешавад.

32. Раёсати донишгоњ бо довталабоне, ки дар гурўњњои буљавї ба сафи донишљўён ќабул шудаанд, дар асоси банди 7-уми «Низомнома дар бораи бо маром тайёр кардани мутахассисони маълумоти олї ва миёнаи касбї бо роњи шартномавї» (ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4.04.1996, №137) созишномаи сељониба ба имзо мерасонад. Тибќи ин созишнома донишљў баъди хатми донишгоњ бо роњхат ба кор фиристода мешавад. Дар мавриди иљро нагардидани бандњои ин созишнома маблаѓи тањсил аз љониби донишљў ба буљаи давлат баргардонида мешавад.

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ
  • Оценка правовых реформ в Таджикистане – предвзятость или стереотипы

Хабархо

АЗ ШОҲҶОИЗА ТО 11 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
МОНОГРАФИЯ
ХУШХАБАР
САФАРИ КОРИИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТ БА ДОНИШГОҲИ СИЁСАТ ВА ҲУҚУҚШИНОСИИ ШАНХАЙ
ДУРАХШИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЊУЌУЌШИНОСЇ
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД , УСТОДОНИ АЗИЗ!
ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
МАЉМУАИ БАРНОМАЊОИ ТАЪЛИМЇ АЗ ФАНЊОИ КАФЕДРАИ ЊУЌУЌИ ИНСОН ВА ЊУЌУЌШИНОСИИ МУЌОИСАВЇ
ЊИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРЇ ДАР ФАКУЛТЕТ
ЕВРОПЕЙСКО-АЗИАТСКИЙ ПРАВОВОЙ КОНГРЕСС
  • Главная
  • Ба довталаб
  • Ќабул барои соли 2013
  • Тартиби ќабул 2013 сол

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2025
Ќабул барои соли 2013
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобњо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол